Сохтмон

Дар бораи мо

ҶДММ «Капитель» соли 2007 ба сифати корхонаи лоиҳакашӣ таъсис ёфта, то ба имрӯз фаъолияти худро дар ин самт идома дода истодааст. Аз рӯзи ташкилёбӣ то кунун корхона зиёда аз 200-300 лоиҳаи сохтмонии хурду миёна ва бузургро рӯи қоғаз оварда, дар заминаи он дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе иншоот ва биноҳои баландошёна бо тарҳи замонавӣ ва дизайни муосир сохта ба истифода дода шудаанд. ҶДММ «Капитель» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ширкатҳои сохтмонии пурраи сикли корҳои сохтмонӣ (лоиҳакашӣ, сохтмон, дизайн, корҳои насбу монтажи ноқилҳо, қубурҳо ва ҳоказо) мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Ширкат тамоми маҷмӯи хизматрасониҳои девелопериро аз эҷоди идеяи лоиҳа то идоракунии лоиҳаи сохтмонӣ ба анҷом мерасонад.

Ҳама иншооти ҶДММ «Капитель» услуби хоси худро доранд, ки ба консепсияи дақиқи сохтмон асос ёфтаанд. Биноҳои баландошиёна ва биноҳои таъиноти гуногун (биноҳои бисёрошиёна ва муҷтамаҳо, квартираҳо, биноҳои маъмурӣ, марказҳои савдо, литсейҳо, мактабҳои миёна, боғчаҳои бачагона ва ғайра) бо меъмории шинохташаванда ва дилкаш, инчунин идеяҳои лоихавии шавқовар фарқ мекунанд. Объектҳо бо ғамхории калон ва назардошти ниёзҳои сокинони оянда, шароити қулай барои кӯдакон ва маъюбон сохта шудаанд. Корхона аз чиҳати лоиҳакашӣ ва сохтмон низ, бо мутахассисони худ — мутахассисони сохибихтисоси муҳандисӣ-техникии дорои тахассус ва таҷрибаи баланд корӣ, ки аз рӯзи таъсисёбии ширкат худро хуб муаррифӣ намудаанд, фахр мекунад. Кормандони ҶДММ «Капитель» дар лоиҳакашӣ ва тарҳрезӣ, сохтмон ва тарҳрезии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муҷтамаҳои истиқоматӣ, биноҳои баландошёнаи маъмурии мураккаб, инчунин иншоотҳои гуногуни саноатӣ, марказҳои савдо, литсейҳо ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, боғчахои бачагона ва гайра таҷрибаи бой доранд.

Ҳар як лоиҳаи сохтмон бо назардошти ҷойгиршавӣ, шароити иқлимӣ, вазъияти сейсмикии замин, релеф, ҳолати қишри замин, хок ва дигар хусусиятҳое, ки ба интихоби технологияи зарурии сохтмони иншоот бевосита таъсир мерасонанд, таҳия карда мешавад.

Ширкат тамоми таҷҳизот ва техникаи зарурии барои сохтмони биноҳои баландошёнаи маъмурӣ, иншоот, биноҳои истиқоматӣ ва маҷмааҳо истифодашаванда, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошанд, дар ихтиёр дорад ва айни замон дар сохтмони иншоот дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Точикистон ба кор бурда мешаванд.

Бренди ширкат

Қадами нахустини ширкат дар ростои бақайдгирии бренди «ORZOO»  гузошта шуд, ки ҷойгоҳи худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он пайдо намудааст. Шояд суоле ба миён ояд, ки чаро маҳз “ORZOO”? Чун рисолати ширкат аз ҳаракат дар масири “Омӯзиши Растгорӣ – Заруритарин Ормони Одамизод” асос ёфтааст.

Рисолати ширкат

Қобили зикр аст, ки ҳадафи асосии ширкат мусоидат ба рушди инфрасохтори сохтмонии кишвар тавассути банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, тарҳрезӣ, дизайн ва сохтмони бинову иншооти муосири баландошёна барои таъиноти гуногун бо ҷалби мутахассисони баландихтисос ва ботаҷрибаи ватанӣ мебошад!

Мо талош меварзем, ки фаъолияти хешро ҳирфаӣ, оқилона, боэътимод ва аз рӯи виҷдон, мутобиқи меъёрҳои қабулгардидаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда, дар рушду некуаҳолии ҷомеа саҳмгузор ва ҳамқадами замон бошем.

Мо сифати баланд ва бехатарии биноҳою иншооти сохта ба истифода додаи ҶДММ «Капитель» – ро   кафолат медиҳем! Осоиш, бароҳатӣ ва рифоҳи замонавиро бо ҶДММ «Капитель» эҳсос намоед!