Яке аз маҳсулоти беҳтарини “ORZOO” асали тозаи табииест, ки аз гарди гулҳо ва растаниҳои манотиқи дурдасти куҳистони кишвар, ки 93% қаламрави Тоҷикистони зебоманзару хуштабиатро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ҷамъоварӣ мешавад.
Беҳтарин занбӯрпарварони кишвар ин шириниро бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷамъоварӣ менамоянд. Қисми назарраси чаҳорчӯбаҳои асалгузорӣ дар манотиқи нодири табиии Тоҷикистон, яъне дар водии Рашт, дараҳои Ромит ва Варзоб, ноҳияҳои Тавилдара ва Даштиҷум ҷойгир мебошанд. Дар ин минтақаҳои Тоҷикистон 5 навъи занбӯр парвариш карда мешавад: тоҷикӣ, итолиёвӣ, миёна-русӣ, қафқозӣ ва карпатӣ.
Асал бевосита аз чаҳорчӯбаҳои асалгузорӣ ҷамъоварӣ шуда, намуди аслии худро нигоҳ дошта, ба истеъмолкунанда дар шакли маҳсулоти табиӣ, ки дорои витамину микроэлементҳо, ферментҳо, аминокислотаҳо ва зиёда аз сесад таркиботи гуногуни фоидабахш мебошад, пешкаш карда мешавад – ва ин ҳама дар як маҳсулот ҷой дорад, ки табиати аҷоиби Тоҷикистон ба мо ҳадя менамояд. Бе шубҳа, ки асал дорои як зумра хислатҳои шифобахш буда, ба саломатии инсон ниҳоят фоидаовар аст, аммо асале, ки дар баландии 2000 м. аз сатҳи баҳр дар куҳистон ҷамъоварӣ мегардад, хушбӯйтар, аз таъми хуштар бархурдор ва хислатҳои шифобахши бештар дорад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Капител» таҳти бренди «ОРЗОО» шарафманд аст, ки ин лазизоти қадимаро, ки дорои беш аз сесад таркиботи гуногуни муфид мебошад, пешкаши шумо гардонад.
Асали тоҷик ба бозорҳои воридкунандагони асосии асал аз ИМА, Канада, Қатар, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо роҳ ёфтааст.
Бренди ORZOO асалро дар бастаи стандартӣ ва чалакаҳои ороишии чӯбини аз зерфун сохташуда пешкаш мекунад, ки ба дохили он муми табии молида шудааст. Ин тартиб ба шумо имкон медиҳад, ки асалро дар муҳити табиӣ ва ба мӯҳлати дароз нигоҳ доред.
Умедворем, ки Шумо азизон, аз нӯши ҷон кардани асали табии “ORZOO” ҳаловат хоҳед бурд!

Литсензияҳо ва Шаҳодатномаҳо