Дар бораи ширкат

ҶДММ «Капитель» соли 2007 ба сифати корхонаи лоиҳакашӣ таъсис ёфта, то ба имрӯз фаъолияти худро дар ин самт идома дода истодааст. Аз рӯзи ташкилёбӣ то кунун корхона зиёда аз 200-300 лоиҳаи сохтмонии хурду миёна ва бузургро рӯи қоғаз оварда, дар заминаи он дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе иншоот ва биноҳои баландошёна бо тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
ҶДММ “Капител” ҷойгоҳи худро дар бахши лоиҳакашиву сохтмонӣ устувор намуда, шуруъ аз соли 2022 азм гирифтааст, ки ҷиҳати рушду вусъат бахшидани соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ, аз ҷумла шаклҳои нави тиҷорат камари ҳиммат бандад. Дар ин самт ҷамъият корҳои зиёдеро ба сомон расонида, барои дар доираи қонун ба роҳ мондани фаъолиятҳои нави худ, аз қабили содироту воридоти молу маҳсулот, хариду фурӯши доруворӣ ва маводҳои тиббӣ, коркарди фулузоти сиёҳ ва ранга, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ чораҳои заруриро андешидааст.
Қадами нахустини ширкат дар ростои бақайдгирии бренди «ORZOO» гузошта шуд, ки ҷойгоҳи худро дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ пайдо намудааст. Шояд суоле ба миён ояд, ки чаро маҳз “ORZOO”? Чун рисолати ширкат аз ҳаракат дар масири “Омӯзиши Растгорӣ-Заруритарин Ормони Одамизод” асос ёфтааст.
Мо талош меварзем, ки фаъолияти хешро ҳирфаӣ, оқилона, боэътимод ва аз рӯи виҷдон, мутобиқи меъёрҳои қабулгардидаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда, дар рушду некуаҳолии ҷомеа саҳмгузор ва ҳамқадами замон бошем.
Ҳадафи мо
– ҳиссагузорӣ дар пешрафти инфрасохтори сохтмони кишвар бо роҳи тарҳрезӣ, лоиҳакашӣ ва бунёди биною иншоотҳои замонавӣ бо истифода аз беҳтарин ва таҷрибадортарин мутахассисони кишвар
– ҷалби сайёҳони хориҷӣ барои шиносоӣ бо таърихи бой, меҳмоннавозӣ, расму ойин ва анъанаҳои бостонии миллати тоҷик, иқлими нотакрор, табиати зебою хушманзар, обҳои мусаффо ва инчунин, пешниҳоди барномаҳои хотирмон назири гардишгарӣ, аспсаворӣ, қаиқронӣ, рафтинг шикор, кӯҳнавардӣ, лижатозӣ, сноуборд, савории воситаи барфгузар, пикник, масирҳои ҷолиб барои гардишгарии сайёҳон ва хизматрасониҳои баландсифати меҳмонхонаҳо, истироҳотгоҳҳо, осоишгоҳҳо, тарабхонаҳо ва ғайра
– содироти нерӯи кории кишвар аз ҷумла, потенсиали пур аз мутахассисони дорои тахассуси олӣ ва ботоҷрибаи соҳаҳои мухталиф ба бозори меҳнати мамолики дуру наздик, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ
– воридот ва содироти молу маҳсулоти босифати гуногун ва ниёзи мардум
– пешниҳоди хизматрасониҳои ҳирфаии дистрибюторӣ
– ба роҳ мондани муносибатҳои шаффоф ва мутақобилан судманд бо шарикони ширкат
– ҳаловат бурдани мизоҷон аз ҳар як хариди маҳсулоти баландсифати “ORZOO”
– пайваста сайқал додани сатҳи тахассуси кормандон, аз ҷумла омӯзиш ва инкишофи савияи кормандон дар самти пешбурд ва фурӯши маҳсулот таҳти бренди ширкат
Ҳар як дарёфткунандаи хизматрасонӣ интизори он аст, ки нисбати ӯ хизматрасонии баландсифат сурат гирад ва ҳар як харидор низ, умед бар он дорад, ки молу маҳсулоти баландсифатро харидорӣ мекунад. Бинобарин коллективи ширкат пеш аз ҳама баландсифат буданро чи дар соҳаи хизматрасониҳо ва чи дар бахши содироту фурӯши молу маҳсулот пеша гирифтааст. Мо барои ҳамагуна хизматрасониҳо ва молу маҳсулоти худ кафолат дода, ҷавобгӯй ҳастем!
Ногуфта намонад, ки ҶДММ “Капител” бо мақсади пешниҳод намудани молу маҳсулоти табиии истеҳсолкунандаи ватанӣ низ,кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ додааст ва зери парчами “ORZOO” ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани маҳсулоти босифати Тоҷикистони зеботабиат, шомили ҳадафҳои асосии ҷамъият ба ҳисоб меравад.