Оби нушокии Файзобод

Маҳсулоти дигари ҳаётбахши бренди «ORZOO» оби маъдании табиии «Оби Файзобод» мебошад, ки дӯстдорони маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро дар ҳаҷми 0,5 литр дар шишаҳои пластикӣ шод мегардонад!
Оби табиии маъдании «Оби Файзобод» аз бренди «ORZOO» оби табиии чун булӯр мусаффои чашмаест, ки бевосита аз чоҳ дар умқи 1324 м истихроҷ карда мешавад. Чоҳ дар минтақаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ҷойгир буда, бо дарахтони сабзу хуррами ноҳияи Файзободи Тоҷикистон иҳота гардидааст .
Оби маъдании “Оби Файзобод” аз бренди ORZOO чӣ гуна хусусияти хос дорад?
• Дараҷаи олии рН 8-8,5 ва таносуби магний ва калсий 1:4: мувозинати кислотаву ишқорофарро барқарор мекунад;
• мубодилаи моддаҳоро беҳтар гардонида, токсинҳоро аз бадан ҳориҷ менамояд ;
• Минералонии сабук то 250 мг/литр: барои истеъмоли ҳаррӯза мувофиқ аст;
• Таркиби беназир: организмро бо микроэлементҳои зарурӣ таъмин менамояд.

Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки обро тавре ба мардум фароҳам созем, ки табиат онро офаридааст: муфид, зинда ва воқеӣ.
«Оби Файзобод» аз чукурии 1324 метр гузашта, тамоми хосиятҳои фоиданок ва таркиби минералии худро нигох медорад.
Мо «Оби Файзобод”-ро аз як манбаи аслӣ истихроҷ менамоем, аз ин рӯ 100% сифат ва таъми табиии обро, ки дар шишаҳо бо бренди «ORZOO» омода карда мешаванд, кафолат медиҳем.
Қудрати табиатро дар ҳар як шишаи “ORZOO” эҳсос кунед!